Бахшида ба Рӯзи пойтахт таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ — Душанбе» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш» барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ — Душанбе» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади идона озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуда, иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо Рӯзи пойтахт муборакбод гуфт.
Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.
Дар барномаи фарҳангии «Ту қалби Тоҷикистонӣ – Душанбе» ҳаваскорони ҷавон ва устодони санъати тоҷик бо суруду таронаҳои ҷолиб ҳунарнамоӣ карда, фазои идонаи базмгоҳро пуршукӯҳтар гардониданд.
Ёдрас мешавем, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни идона, аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ — Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон ширкат намуданд.
Ҳамчунин бахшида ба ин ҷашн бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар боғҳои фарҳангивю фароғатии пойтахт базмҳои пуршукӯҳи идона бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ — ромишгарону мутрибон ташкил гардида, ҳамзамон маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти пойтахт ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлоли давлатӣ тибқи Нақшаи генералии шаҳр рушд карда, дар шаҳр теъдоди биноҳои замонавии маъмурӣ, фарҳангӣ ва истиқоматӣ афзуда, таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ инфрасохтори коммуналию маишӣ таҷдид гардида, таъмини босифати нақлиёти ҷамъиятӣ, роҳҳои замонавии сеқабата, обу барқ, систсемаи гармидиҳӣ, таъмиру тармими роҳҳои мошингард, бунёду навсозии роҳраву гулгаштҳо, беш аз 15 боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ дар муддати кӯтоҳ ба роҳ монда шуданд, ки мояи ифтихори ҳар сокини пойтахт мебошад.
Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт аст.
Душанбе дорои марказҳои зиёди ҷолибу диданӣ буда, муҳимтарини онҳо ин майдони Дӯстӣ бо маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Майдони Парчами миллӣ, Қасри миллат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ, Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ, Боғи устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Боғи устод Садриддин Айнӣ, кӯли Душанбе, бозори Меҳргон, чандин театру амфитеатрҳо, Кохи Борбад, Осорхонаи миллӣ, инчунин муосиртарин меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ ва даҳҳо иншооти бузурги фарҳангӣ, маъмурӣ, илмӣ, тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз









Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






