БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ХАРГӮШПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАБУЛ ГАРДИД. Он аз соҳаҳои ояндадор ва сердаромади чорводорист
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 март зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» баррасӣ ва қабул гардид.
Саволе ба миён меояд, ки чаро ин соҳа дар мамлакати мо ба таври густурда рушд накардааст? Омили кам таваҷҷуҳ намудани соҳибкорон ба ин соҳаи сердаромад дар чист? Имрӯз дар Тоҷикистон саршумори харгӯш чӣ миқдорро ташкил медиҳад? Ба ин суолҳо мудири шуъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварии Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Ҳоҷиев чунин посух дод:
«Соҳаи харгӯшпарварӣ барои Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии кишоварзӣ ба шумор рафта, барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва саноат бо ашёи хом хеле муҳим мебошад. Аммо солҳои охир дар мамлакати мо ин соҳа ба таври экстенсивӣ ва ё васеъ ба роҳ монда нашудааст».
Тавре ӯ зикр намуд, аксаран ҳавасмандони соҳа харгӯшҳоро дар ҳавлии худ парвариш намуда, барои ин кор ягон технологияи пешрафтаи соҳаро истифода намебаранд. Инчунин маҳсулоти бадастомада пурра ба кор бурда намешавад. Ба ин нигоҳ накарда, солҳои охир талабот ба истеҳсоли маҳсулоти гӯшти харгӯш зиёд гашта, мағозаҳои фурӯши ин гӯшт ва ошхонаҳои махсусе, ки бо гӯшти харгӯш таом тайёр менамоянд, зиёд мегардад. Дар сурати амалӣ гардидани барномаи мазкур сатҳи иқтисодиёт баланд гардида, гӯшти парҳезӣ зиёд мешавад ва мӯинаи қиматбаҳои харгӯш бештар шуда, ин ба саноати мамлакат таъсири мусбат мерасонад.
Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳарчи бештар ин соҳаро равнақ диҳад. Ворид намудани зотҳои нави сермаҳсули харгӯш, ки дорои маҳсулнокии баланд мебошанд, инчунин ба роҳ мондани технологияи интенсивии парвариши он ва омӯзонидани хоҷагидорон-ҳавасмандони соҳа ба манфиати кор мебошад. Илова ба ин хоҷагидорон ва хонаводаҳо метавонанд бо хароҷоти кам дар шароити хона парвариши интенсивии харгӯшро ба роҳ монда, сатҳи иҷтимоии оилаҳои худро баланд бардоранд.
«Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 саршумори харгӯш дар мамлакат 87 ҳазору 950 ададро ташкил медод, ки аз ин 17 ҳазору 579 сар ба ноҳияҳои тобеи мамлакат, 49 ҳазору 157 сар ба вилояти Хатлон, 19 ҳазору 949 сар ба вилояти Суғд ва 1269 сар ба ВМКБ рост меояд»,- иттилоъ дод Акрам Ҳоҷиев.
Бино ба гуфти ӯ, сокинони мамлакати мо ба истеъмоли гӯшти гову гӯсфанд ва мурғ одат кардаанд. Аксарият шояд намедонанд, ки гӯшти харгӯш бомаззатару фоидабахштар аст ва онро ҳам метавон чун маводи ғизоӣ, ҳадди ақалл мисли гӯшти паранда истифода бурд. «Дар таркиби гӯшти харгӯш витаминҳои В6, В12, фосфор, фтор, калсий, калий, оҳан ва ғайраҳо дида мешаванд», -тазаккур дод номбурда.
Гӯшти харгӯш аз гӯшти дигар ҳайвонот фарқ дорад. Ҳамаи он макро — ва микроэлементҳое, ки барои бадани инсон заруранд, дар таркиби гӯшти харгӯш дида мешаванд. «Дар баробари ин боз ҳам ба аҳолӣ бояд фаҳмонд, ки гӯшти харгӯш парҳезӣ ва ба саломатӣ безарар буда, дар организм зуд ҳал мешавад ва одамро фарбеҳ намекунад», — таъкид намуд ҳамсӯҳбати мо.

Дар таркиби гӯшти харгӯш миқдори зиёди сафеда мавҷуд буда, холестерини он кам мебошад. Гӯшти харгӯшро ҳангоми бемориҳои рӯдаю меъда ва вайроншавии кори рагҳои хунгард истифода мебаранд. Гӯшти харгӯш, қабл аз ҳама, бомазза буда, беҳтарин ғизо дониста шудааст.
Ба андешаи олимон, соҳибкорон бояд ба ташкили парваришгоҳ ё корхонаи истеҳсоли гӯшти харгӯш ва коркарди мӯинаи он ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин бояд мутахассисони ин соҳаро тарбия намуд, то технологияи коркарди мӯинаро донанд ва маҳсулоти дар бозор рақобатпазир истеҳсол намоянд. Мӯинаи харгӯшро дар шакли аслӣ ё рангкарда ба кор мебаранд. Мӯинаи ангории харгӯш даҳ маротиба гармтар ва чор маротиба сабуктар аз мӯинаи гӯсфанд мебошад, барои ҳамин дар бозори ҷаҳонӣ талаботи бештар дорад.
Тибқи таҳлили олимон, ба ҷойи 10 чорвои калони шохдор, ки харидорию нигоҳубини он хароҷоти зиёд талаб мекунад, дар ду сотих замин агар харгӯшпарвариро ба роҳ монем, даромади бештар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар дунё зотҳои гуногуни харгӯш мавҷуданд, ки ҳар яки онҳоро ба таври хос парвариш мекунанд. Яке аз зотҳои сернасл зоти сафеди азимҷусса аст. Онҳо дар як зоиш 8 — то насл дода, зуд калон мешаванд. Зоти дигар- азимҷуссаи хокистарранг буда, он гӯштию пӯстӣ мебошад. Ин зоти харгӯшҳоро дар минтақаҳое, ки иқлими мусоид доранд, парвариш намудан лозим аст.
Зоти нилгуни венагӣ барои пӯст парвариш карда мешавад. Дар шакли аслӣ зоти берангро истифода мебаранд, ки вазни миёнааш 4,5 килограммро ташкил дода, дар як зоиш то 8 насл медиҳад.
Зоти нуқрагӣ вазнаш 4,5 килограмм буда, дар як сол 8-9 маротиба насл медиҳад. Зоти сиёҳи хокистарранг зоти сергӯшт буда, то 5 килограмм вазн мегирад. Он дар як зоиш 8-9 сар ва дар як сол 4 маротиба насл медиҳад.
Дар як сол аз як сар харгӯши модина то 30-40 сар насл гирифтан мумкин аст. Дар якмоҳагӣ вазни онҳо аз 450 грам то ба 700 грамм мерасад.
Агар харгӯш дуруст парвариш ёфта, ғизояш сари вақт таъмин шуда бошад, дар як сол тақрибан 4 маротиба то 9- наслӣ медиҳад. Аз ин ҳисоб дилхоҳ оила метавонад бо харгӯшпарварӣ ҳам рӯзгорашро пеш барад ва ҳам сармояашро афзун гардонад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд






