БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. 17 варзишгари тоҷик аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 17 варзишгари тоҷикро ҷиҳати бархӯрдор шудан аз дастгирии молиявии олимпӣ — Париж-2024 тасдиқ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Номзадии варзишгаронро бо пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ ва пешниҳод намуда буд.
Дар доираи Барномаи «Дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024» ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ 7500 доллар маблағ ҷудо мегардад. Барнома барои варзишгарон имкон фароҳам меорад, ки барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош кунанд. Он барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ нигаронида шудааст.
8 апрел зимни ҷаласа дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки дар он ноиби Президенти Кумита Дилшод Назаров, котиби генералии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода, варзишгарон, мураббиён ва намояндагони федератсияҳо ширкат доштанд, моҳияти Барномаи дастгирии молиявии олимпӣ фаҳмонида шуда, бо варзишгарон созишнома ба имзо расид.

Маблағи барнома ба варзишгарон дар ҳар давраи чормоҳа пардохт карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки агар варзишгар дар муҳлати системаи интихобии олимпӣ роҳхат гирифта натавонад ё ҳисоботи молиявию техникиро сари вақт пешниҳод накунад, пеш аз муҳлат аз дастгирии молиявӣ маҳрум мегардад.
Ҳамин тариқ, 17 нафари зерин аз 6 намуди варзиш аз 1 январи соли 2022 то 31 августи соли 2024 аз дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 бархӯрдор мешаванд:
ҶУДО
- Темур РАҲИМОВ — 800 доллари ИМА
- Сомон МАҲМАДБЕКОВ — 800 доллари ИМА
- Беҳрӯз ХОҶАЗОДА — 800 доллари ИМА
- Ҷаҳонгир МАҶИДОВ — 400 доллари ИМА
- Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА — 250 доллари ИМА
БОКС
- Баҳодур УСМОНОВ — 800 доллари ИМА
- Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ — 800 доллари ИМА
- Миҷгона САМАДОВА — 250 доллари ИМА
- Рӯҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА — 250 доллари ИМА
- Нилуфар БОБОЁРОВА — 250 доллари ИМА
ТАЕКВОНДО
- Муҳаммадҳасан ШОҲМАҲМАДОВ — 300 доллари ИМА
- Мӯниса ОЙМАТОВА — 250 доллари ИМА
- Моҳру ҲАЛИМОВА — 250 доллари ИМА
ГӮШТИН
- Фирӯз МИРЗОРАҶАБОВ — 400 доллари ИМА
- Ватансултон ШАКАРШОЕВА — 250 доллари ИМА
ҚАЙИҚРОНӢ — КАНОЭ
- Шаҳриёр ДАМИНОВ — 400 доллари ИМА
ШИНОВАРӢ
- Екатерина БАРДАЧЕВА — 250 доллари ИМА
АКСҲО: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






