БУНЁДИ МИЛЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД. Доир ба пешниҳоди роҳҳои нави омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 28, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Омӯзиш ва пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои нави омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ ва вусъат бахшидан ба навовариву ихтирокорӣ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Аз рӯи масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиниён иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сиёсати маорифпарваронаву оқилонаи худ соҳаи  маорифро соҳаи  сарнавиштсозу афзалиятнок   эълон намуда, изҳор доштанд, ки «бунёди миллат аз маориф  оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба  маориф-сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалин дараҷа зоҳир карда шавад».

Файзулло Наҷмидиниён зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо оид ба сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди  фанҳои дақиқ ҳарф мезананд.  Маҳз ба хотири   боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи  Паёмашон  ба Маҷлиси Олии кишвар 26 декабри соли 2019   Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Доир ба ин масъалаи ниӽоят муӽим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар 18 марти соли 2020 бори дигар дахл намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш 17 августи соли 2020, аз ҷумла иброз намуданд: «Моҳи июли соли ҷорӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниӽо барои солӽои 2020-2025 оид ба амалигардонии  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмӽои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани соӽои 2020-2040» қабул гардид. Дар ин санад дар марӽалаи аввал таӽия  ва татбиқи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмӽои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соӽаи илму маориф барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи таъмин намудани муассисаӽои таълимӣ бо кабинетӽои фаннӣ ва  озмоишгоӽӽои  муҷаҳҳази таълимӣ барои солӽои 2021-2025 ба нақша гирифта шудааст».

Аз рӯи масъалаи мазкур муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёвуддин Абдуллозода сухан гуфта, ба саволҳои вакилони Мамояндагон посух гуфт.

АКС: МН МО ҶТ

Апрель 28, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати парламенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Русия иштирок намуд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
Имрӯз иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
3 феврал Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Ҳамкории гуногунсоҳа байни Венесуэла ва Тоҷикистон таҳким меёбад
3 феврал Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» баррасӣ ва қабул гардид
3 феврал Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
3 феврал Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Рӯзи Иди Тиргон дар Тоҷикистон 1 июл муайян карда мешавад
Дар Маҷлиси намояндагон Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид