Дар доираи Ҳафтаи илм дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
РАШТ, 21.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, ҳар сол дар тамоми муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҳафтаи сеюми моҳи апрел Ҳафтаи илм таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат, инчунин бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт конференсияи илмӣ-назариявии устодон, кормандон ва донишҷӯён баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии донишкадаи мазкур.
Дар конференсия номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, ректори донишкада Маҳмадёр Раҷабзода зикр намуд, ки «баргузории ҳамоиши мазкур дар доираи Ҳафтаи илм ва бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) хеле бамаврид ва дорои аҳамияти бузург мебошад, зеро талаби илм дар ҳама давру замон барои ҳамагон, новобаста ба синну сол ҳатмист».
Дар ҷаласаи конференсия дотсентон ва устодони донишкада, аз ҷумла, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ И.Исроилов, дотсент, муовини ректор оид ба тарбия М.Шарифова, дотсент, декани факултети педагогика ва варзиш И.Аминова ва дигарон мавзӯъҳои мухталифи илмиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар конференсия, ки тибқи барнома аз 6 бахш ва 14 зербахш иборат буд, дар маҷмӯъ, 216 маърӯза баррасӣ шуданд.
Мақсади конференсия аз муҳокимаи масъалаҳои шаффофият дар соҳаи маориф, раванди натиҷагирӣ аз иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамчун омили рушди корҳои илмӣ ва беҳтар гардонидани сифати таълим иборат буд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва рушди бемайлони он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳамаи суханрониҳояшон вобаста ба ин масъала таъкиду роҳнамоиҳои судманд ироа менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён намуда, барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки «илм меҳвари асосии рушди ҳар кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҳар ҷомеа маҳсуб мешаванд. Мафҳуми илму дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд».
АКС: Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт








Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






