Дар доираи Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ беш аз даҳ санади нави ҳамкорӣ имзо гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз даҳ санади нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои вилояти Суғд имрӯз дар доираи баргузории Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат» дар шаҳри Истаравшан дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» доир гардид, ба имзо расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд.
Дар форум беш аз 150 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноатро матраҳ карданд.
Форум бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ, Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, Менеҷери минтақавии Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд Ҷамила Мирсаидова ва директори Иттифоқи рушди бахши хусусӣ Наима Нурматова суханронӣ намуда, баргузории Форуми минтақвиро дар шаҳри Истаравшан қадами муассир дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии мамлакат арзёбӣ карданд.
Ҳадафи баргузории форум вусъати ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ ба шумор меравад.
Инчунин роҳбарону намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии кишвар назири «Оби зулол», «Мармарӣ» тавассути рӯнамо баромад намуданд.
Ҳамзамон иштирокдорони форум аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд дидан карданд.
АКСҲО: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ












Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






