Дар доираи Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ беш аз даҳ санади нави ҳамкорӣ имзо гардид

Апрель 1, 2022 16:55

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз даҳ санади нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои вилояти Суғд имрӯз дар доираи баргузории Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат» дар шаҳри Истаравшан дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» доир гардид, ба имзо расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд.

Дар форум беш аз 150 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноатро матраҳ карданд.

Форум бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Саъдӣ Қодирзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ, Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, Менеҷери минтақавии Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд Ҷамила Мирсаидова ва директори Иттифоқи рушди бахши хусусӣ Наима Нурматова суханронӣ намуда, баргузории Форуми минтақвиро дар шаҳри Истаравшан қадами муассир дар  самти  татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии мамлакат арзёбӣ карданд.

Ҳадафи баргузории форум вусъати ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи  лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ ба шумор меравад.

Инчунин роҳбарону намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии кишвар назири «Оби зулол», «Мармарӣ» тавассути рӯнамо баромад намуданд.

Ҳамзамон иштирокдорони  форум аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд дидан карданд.

АКСҲО: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Апрель 1, 2022 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид