Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Ҳафтаи илм ҷараён дорад

Апрель 19, 2022 10:51

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон дар ҳафтаи сеюми моҳи апрел Ҳафтаи илм баргузор мегардад, ки дар доираи он дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар конференсияву машваратҳои илмию амалии  бозгӯкунандаи  натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон доир мешаванд. Дар доираи он дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Тавре дар муассисаи мазкур хабар доданд, дар кори ҳамоиш муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода ва устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Зимни Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки «бо дарназардошти нақши бузурги илму маориф Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон намуд.  Ҳамасола дар ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар донишкадаи мо низ «Ҳафтаи илм» бо конференсияву семинарҳои илмию амалӣ, ки корҳои илмию таҳқиқотии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрони муассисаро натиҷагирӣ мекунанд, гузаронида мешавад».

Зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва рушди бемайлони он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳамаи суханрониҳояшон вобаста ба ин масъала таъкиду роҳнамоиҳои судманд мекунанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ баён намуда, барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Сарвари давлат тазаккур доданд, ки «илм меҳвари асосии рушди ҳар кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҳар ҷомеа маҳсуб мешаванд. Мафҳуми илму дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд».

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» ба рушди илм ва омода намудани кадрҳои илмӣ заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Конфронси мазкур, ки тайи як ҳафта давом мекунад, ба рушду тавсеаи иқтидори илмии донишкада равона гардида, дар он зиёда аз 150 мақолаи илмии профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён ироа мегарданд.

АКСҲО: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Апрель 19, 2022 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид
«МАКТАБИ ПЕШСАФ — МАКТАБИ ШАРИК». Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон таҳти чунин унвон низоми нав амалӣ карда мешавад
Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид
Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид
Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид