Дар Душанбе барои хизматчиёни давлатӣ машғулият баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ дар мавзӯи «Нақши хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ» ва шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» машғулият баргузор гардид. Дар ин бора котиби Маҷлиси намояндагон Муҳмамадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ҳамоишро вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнуддин Сафарзода ва Зафар Файзуллозода оғоз намуданд. Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов роҷеъ ба мавзӯи «Нақши хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ» сухан гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузи соҳаи хизмати давлатӣ шурӯъ аз даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Дар моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ риояи одоб дар амал ва қарорҳои хизматчиёни давлатӣ ба сифати принсип шинохта шудааст. Зикр шуд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли 2014 ба моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мафҳуми «одоби хизматчии давлатӣ» илова карда шудааст, ки он шарҳ дода шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ, тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин ҷиҳати таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ, танзими бархурди манфиатҳо, тавзеҳ додани принсипҳои хизмати давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Дар Кодекс мафҳумҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ шарҳ дода шудаанд, аз ҷумла агар рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳо ба рафтори хизматӣ мансуб бошад, пас рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ иртибот надошта бошанд ва берун аз ҷои кор дар ҷомеа зоҳир гарданд, рафтори ғайрихизматӣ дониста шудаанд. Чунончӣ, Сарвари давлатамон дар назди хизматчиёни давлатӣ талаботи зерини ахлоқӣ гузоштаанд: дасту дили пок, нияти нек, садоқат ба давлату миллати худ, нангу номуси ватандорӣ, эҳсоси масъулияти ба зиммадошта.
Агар принсипҳои одоби хизматчии давлатиро вобаста ба ин талабот гурӯҳбандӣ намоем, мебинем, ки ба талаботи доштани дасту дили пок ва нияти нек принсипҳои қонуният, таъмини ҳифз ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиромона ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он муносибат намудан, одилона, бовиҷдонона амал намудан, эҳтиром ва дуруст дарк намудани фарҳангҳои мухталиф, рафтор, одат, ақида, дин, эҳтиромона муносибат намудан бо ҳамкорон, муроҷиаткунандагон, тобеон ва ҷомеа ва аз ҳама муҳим ба принсипи поквиҷдонӣ ва беғаразӣ мувофиқ меоянд.
АКС: МН МО ҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






