Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардида, то 9 апрел бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз намуд, фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намоиши китоб таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!», намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакон наврасон бо адибон, суратдалел аз ҷараёни баргузории фестивалҳои гузашта, порчаҳо аз намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак» ва намоиши Сирки давлатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешаванд.
Барои муайян намудани ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин гардидаанд.
Дар рӯзи охири фестивали мазкур созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли он, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо туҳфаҳо, инчунин ифтихорномаю нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад. Адабиёти кӯдакон аз ҷанбаҳои муҳимтаринест, ки ба инсон кумак намуда, таълим медиҳад ва ҷаҳонбинии наврасонро васеътар мекунад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
28 январ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд
МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИК. Рисолати ин марказ аз чӣ иборат аст?
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар телевизионҳои Тоҷикистон 145 лоиҳа ва барномаи нав таҳия ва пахш гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд меёбад
Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд






