Дар Душанбе Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба ҳуқуқи маъюбон Сара Минкара, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Шодихон Ҷамшед зикр намуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маъюбони кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, дар кишвар ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷ гузошта, доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб тадбирҳои мушаххас меандешад.
Зикр гардид, ки 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд.
Мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба ҳуқуқи маъюбон хонум Сара Минкара иброз дошт, ки ҳадафи сафари ӯ ба Тоҷикистон муҳокимаи ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон, пешравӣ дар самти тасдиқи Оинномаи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ва имконияти мусоидат ба шуғли фарогир ва таҳсили ин табақа дар Тоҷикистон мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






