Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобчаҳои кӯдакона доир гардид

Апрель 29, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар саҳни ҳавлии Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» намоиш-фурӯши китобҳои бачагона баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар намоиш-фурӯш 100 номгӯй китобчаҳо, аз ҷумла «Заррофаяки себдӯст», «Бозии рустшавакон», «Ширинкома», «Чилпо», «Худписанд», «Чароғак», «Худписанд», «Гаҳворабандон», «Афсонаи об», «Баррача», «Гурбача», «Чӣ аз ҳама зӯртар», «Хӯрусаки тоҷбасар», «Афсонаи 6 ба 9», «Алвонча», «Гурбачаи танбалак», «Лолаи боми бобо», «Мӯрчаяки баднафс» ва ғайра бо нархи 50 фоиз арзон ба фурӯш гузошта шуданд.

Китобчаҳо бо сифати баланд ва ороиши зебо ба табъ расида, кӯдаконро ба олами афсонавӣ мебаранд. Зимни харидории китобчаҳо муаллифони он дар зер бо таманиёти нек соядаст гузоштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид