Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳлил ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ машварат доир гардид

Апрель 1, 2022 17:18

ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ,  бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи  «Таҳлил ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат» машварат баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода иброз намуданд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 баён доштанд, бо ҷалби олимони варзидаи забоншиноси муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуд.

Ҷиҳати татбиқи дастуру супориши мазкур Кумита лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таҳия ва барои баррасӣ ба муассисаҳои илмию таълимии кишвар пешниҳод намуд, ки дар ин доира як силсила мулоқоту нишастҳо баргузор намуд.

Нишасти аввал дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар рафти муҳокимаю мулоҳизаҳо маълум гардид, ки мушкилот на танҳо дар имлои ҳарфи «ӯ», балки дар навишти ташдид, имлои ҳарфҳои «ъ», «й», навишти исмҳо, сифатҳо, ҷонишинҳо, феълҳо ва ғайра дар  «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ шудааст, ба мушоҳида мерасанд.

Зикр шуд, ки гурӯҳи кории Кумита бо мақсади таҳриру такмили қоидаҳои мазкур дар умум беш аз 50 дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон, мутахассисони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти давлатии марбут ба қоидаҳои мазкурро ба лоиҳа ворид намуд.

Бо дарназардошти мушкилиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳиягарони лоиҳаи навро зарурат пеш омада буд, то масъалаҳои баҳсталаб ҳалли худро ёфтаву духӯрагиҳо дар номи ҳарфҳо, мавриди дуруст муайян кардан ва мавқеи корбурди навишти ҳарфҳои иқтибосии ҳазфшудаи ц,щ, ы, ь бояд аниқ шаванд. Зеро дар забони тоҷикӣ исмҳои хоси иқтибосие мавҷуданд, ки бо ҳарфҳои мазкур навишта мешаванд.

Масъалаи мазкур дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2020, вобаста ба “Дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси гурўҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати истифодабарии ҳарфҳои ц,щ, ы, ь дар мавриди навишти насаб, ном ва номи падари шаҳрвандони миллати рус  ва ақаллияти миллӣ дар шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон“, ки дар коргузорӣ ба забони давлатӣ мушкилӣ эҷод мекард, ба назар гирифта шуда, ба лоиҳаи  Қоидаҳои мазкур ворид карда шуд.

Ҳамчунин дар лоиҳаи Қоидаҳои мазкур  номи ҳарфи Ъ ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор ба забони тоҷикӣ, ки то кунун мушкилӣ эҷод мекард, мавриди баррасӣ қарор гирифта, корбурди он мушаххасан нишон дода шуд.

Дар машварат раиси Кумитаи забон ва истилоҳот профессор Олимҷон  Муҳаммадҷонов ба саволҳои ҳозирин посух дод.

АКС: МН МО ҶТ

Апрель 1, 2022 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд