Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳлил ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳлил ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат» машварат баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода иброз намуданд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 баён доштанд, бо ҷалби олимони варзидаи забоншиноси муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия намуд.
Ҷиҳати татбиқи дастуру супориши мазкур Кумита лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таҳия ва барои баррасӣ ба муассисаҳои илмию таълимии кишвар пешниҳод намуд, ки дар ин доира як силсила мулоқоту нишастҳо баргузор намуд.
Нишасти аввал дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар рафти муҳокимаю мулоҳизаҳо маълум гардид, ки мушкилот на танҳо дар имлои ҳарфи «ӯ», балки дар навишти ташдид, имлои ҳарфҳои «ъ», «й», навишти исмҳо, сифатҳо, ҷонишинҳо, феълҳо ва ғайра дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ шудааст, ба мушоҳида мерасанд.
Зикр шуд, ки гурӯҳи кории Кумита бо мақсади таҳриру такмили қоидаҳои мазкур дар умум беш аз 50 дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон, мутахассисони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти давлатии марбут ба қоидаҳои мазкурро ба лоиҳа ворид намуд.
Бо дарназардошти мушкилиҳо ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳиягарони лоиҳаи навро зарурат пеш омада буд, то масъалаҳои баҳсталаб ҳалли худро ёфтаву духӯрагиҳо дар номи ҳарфҳо, мавриди дуруст муайян кардан ва мавқеи корбурди навишти ҳарфҳои иқтибосии ҳазфшудаи ц,щ, ы, ь бояд аниқ шаванд. Зеро дар забони тоҷикӣ исмҳои хоси иқтибосие мавҷуданд, ки бо ҳарфҳои мазкур навишта мешаванд.
Масъалаи мазкур дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2020, вобаста ба “Дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси гурўҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати истифодабарии ҳарфҳои ц,щ, ы, ь дар мавриди навишти насаб, ном ва номи падари шаҳрвандони миллати рус ва ақаллияти миллӣ дар шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон“, ки дар коргузорӣ ба забони давлатӣ мушкилӣ эҷод мекард, ба назар гирифта шуда, ба лоиҳаи Қоидаҳои мазкур ворид карда шуд.
Ҳамчунин дар лоиҳаи Қоидаҳои мазкур номи ҳарфи Ъ ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор ба забони тоҷикӣ, ки то кунун мушкилӣ эҷод мекард, мавриди баррасӣ қарор гирифта, корбурди он мушаххасан нишон дода шуд.
Дар машварат раиси Кумитаи забон ва истилоҳот профессор Олимҷон Муҳаммадҷонов ба саволҳои ҳозирин посух дод.
АКС: МН МО ҶТ








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»






