Дар ноҳияи Дӯстӣ дар доираи Global Money Week-2022 сатҳи маърифати молиявии ҷавонон баланд бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ /Global Money Week -2022/ бо иқдоми Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки ҷавонон ва муштариён ҳамоиш доир гардид, ки дар он кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии бонк дар мавзӯъҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ ба иштирокдорон маълумоти муфид пешниҳод намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии ҷавонон ва дар маҷмӯъ муштариёни «Амонатбонк» буд. Хусусан ба иштирокдорон доир ба нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт, хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи «Амонат-мобайл», пасандозҳои муҳлатнок ва пардохтҳои ҳатмӣ, маҳсулоти қарзии «Амонатбонк» ва хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтӣ маълумоти муфассал ироа гардид.
Баргузории чунин ҳамоишҳо дар доираи чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҷавонон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳаи бонкдорӣ заминаи мусоид мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии «Global Money Week» бо иқдоми «Child and Youth Finance International» дар тамоми дунё Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд бароштани сатҳи маърифати молиявии кӯдакону ҷавонон гузаронида мешавад.
АКС: Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2404 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид






