Дар Тоҷикистон омодагӣ ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ оғоз гардид

Апрель 14, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳо, тасвирҳо аз тарафи нашриёт ва рассомони мамлакат ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳамасола 30 сентябр таҷлил мегардад, доир мешавад, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

13 апрел дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Зимни он роҳбарон ва намояндагон бо Консепсияи баргузории чорабиниҳо бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шинос гардида, чунин таклифҳо пешниҳод намуданд:

— ба нашр расонидани маҷмӯаи шеърҳои ба Мавлоно бахшидаи адибони тоҷик ва хориҷӣ;

— ҳар се моҳ баргузор намудани маҳфилҳои илмӣ-адабӣ;

— бо назардошти имконияти бадастомада ба навор гирифтани филм оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ;

— баргузор намудани намоиш-фурӯши китобҳо ва намоиши тасвирҳои Мавлоно;
— чопи осори мансури Ҷалолиддин Балхӣ;

— нашри китоб вобаста ба шинохти Мавлоно аз назари адибони тоҷику ҷаҳонӣ дар сатҳи байналмилалӣ;

— баргузории конференсияҳои илмӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва ба чоп расонидани рисолаҳои илмӣ бахшида ба бузургдошти Ҷалолиддини Балхӣ,

— ташкил ва гузаронидани озмуну маҳфилҳои Мавлавихонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ;
— омода намудани ҳикояҳо аз асори Мавлоно барои кӯдакону наврасон;
— баргузории маҳфили «Рӯзгори васл» дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар Хона-музейи Мавлоно, воқеъ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
— сафари адибони шинохта ба муассисаҳои таълимии кишвар ва баргузор намудани мулоқоту суҳбатҳо бо хонандагону таълимгирандагон вобаста ба шинохти Мавлоно.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мавлонои Балхӣ дар ҷаҳони Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам пиру ҷавон, марду зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинӣ бо завқу шавқи беандоза қироат мекунанд. Ҳамчунин кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Италия ва ғайра ҳамасола барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ин орифи бузург баргузор менамоянд, ки гувоҳи эътирофи Мавлонои Балхӣ ба ҳайси мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси ҷаҳон аст.

Дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.

Инчунин соли 2007 дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин буда, тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Шоир соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ/бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд