Дар Тошканд ҷаласаи коршиносон оид ба омодагӣ ба нишасти котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ доир шуд

Апрель 18, 2022 12:14

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 апрел дар заминаи Кумитаи Иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (СМЗТ) СҲШ дар шаҳри Тошканд дар шакли омехта (гибрид) таҳти раёсати ҷониби Узбекистон ҷаласаи 2-юми гурӯҳи коршиносон оид ба омодагӣ ба нишасти навбатии СҲШ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар котиботи СҲШ хабар доданд.

Дар доираи нишаст масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое баррасӣ шуданд, ки қабули онҳо дар ҷараёни чорабинии сатҳи баланд, ки дар Узбекистон баргузор мегардад, дар назар аст, гуфта шудааст дар хабар.

Қарор дода шуд, ки мулоқоти навбатии коршиносон 7-10 июни соли 2022 баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки баргузории ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ моҳи августи соли 2022 дар пойтахти Узбекистон дар назар дошта шудааст.

АКС: Котиботи СҲШ

Апрель 18, 2022 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»