Давоми 20 рӯз дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҳарбӣ ба қадри 50 фоиз таъмин шуд

Апрель 21, 2022 09:38

ДУШАНБЕ, 21.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози даъвати баҳории соли 2022 то ба имрӯз 20 рӯз сипарӣ гардид ва ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома дорад. Дар ин муддат иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 50 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, давоми чор соли охир аст, ки миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон иҷрои нақшаро дар қаламрави вилоят 100 фоиз иҷро менамояд.

Ҳамзамон миёни шаҳру навоҳии мамлакат пас аз ВМКБ чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳим дар ҷадвал нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешсаф буда, масъулини комиссияҳои давлатии даъвати баҳорӣ дар пойтахти кишвар иҷрои уҳдадории пешбинишударо то ин дам ба зиёда аз 60 фоиз баробар намудаанд.

Иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 60 фоиз, вилояти Хатлон зиёда аз 50 фоиз ва дар вилояти Суғд давоми 20 рӯзи сипаригардида қариб 40 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, бо маром идома дорад.

Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро ба итмом расонида, аз ноҳияҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд