Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва барои зинаи бакалавр ва магистратура бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ва 2 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи магистратура ҷудо намудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои зинаи бакалавр: муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши минтақавии хориҷӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ.
Барои зинаи магистр: муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши минтақавии хориҷӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, илмҳои сиёсӣ, идораи давлатӣ ва мунисипалӣ, кори тиҷоратӣ ҷудо шудаанд.
Давраи аввали бақайдгирии довталабон барои зинаи бакалавр дар бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 21 апрел идома ёфта, озмун 26 апрел дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад (дар бораи макони баргузории тест ба ҳар довталаби номнависшуда тавассути телефон хабар дода мешавад).
Даври дуюм дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Комиссияи қабули донишҷӯён, магистрҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар бо иштироки довталабоне, ки дар даври аввал аз ҳама холи баланд ба даст овардаанд, гузаронида мешавад (сана, макон ва вақти озмун тариқи телефон хабар дода хоҳад шуд).
Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд то санаи муқарраргардида ба бахшҳои минтақавии муайян гардидаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ: дар шаҳри Душанбе; Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192; телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67.
Дар шаҳри Хоруғ: бахши минтақавии марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12, телефон: 915 20 72 29.
Дар ноҳияи Рашт: бахши минтақавии марказ, ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79; телефон: (+992 3131) 2 15 78.
Дар шаҳри Хуҷанд: бахши минтақавии марказ, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5; телефон: 926 44 11 48.
Дар шаҳри Панҷакент: бахши минтақавии марказ: вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105; телефон: (+992 3222) 5 50 51.
Дар шаҳри Бохтар: бахши минтақавии марказ, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, 13; телефон: (+992 3222) 3 05 41.
Дар шаҳри Кӯлоб: бахши минтақавии марказ, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26; телефон: 915 57 90 77.
Дар ноҳияи Данғара: бахши минтақавии марказ, вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32; телефон: (+992 3312) 2 17 86.
Инчунин ба маълумоти довталабони зинаи бакалавр ва магистр расонида мешавад, ки донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмист.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода – 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя).
Телефон барои маълумот: 2-23-23-59
АКС аз бойгонӣ








Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) иштирок намуд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
Дар Душанбе Форуми наврасони асри технология идома дорад






