Ду нафар таълимгирандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд соҳиби 300 ҳазор доллар гранти омӯзишӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров дар озмунҳои навбатии донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария ғолиб шуда, соҳиби 300 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ гардиданд. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бо дарёфти грантҳои омӯзишӣ хонандагони болаёқат метавонанд дар Донишгоҳи Уолш (Walsh University)-и иёлати Огайои Амрико ва Донишгоҳи Франклини Швейтсария тариқи буҷавӣ таҳсил намоянд.
Ин ду донишгоҳи маъруфи олам бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии худро барои қабули хонандагони тоҷик эълон намуданд.
Мавриди зикр аст, ки донишгоҳҳои мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил буда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 120 то 170 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. Супоридани имтиҳон дар донишгоҳҳои беҳтарини дунё тариқи эссе ва озмунҳои мухталиф сурат гирифта, яке аз талаботи асосии он донистани амиқи забони англисӣ ба шумор меравад.
Дар МД «Литсей барои хонангони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси маъмурияти муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои беҳтарини олам ба роҳ монда шуда, хонандагони муассиса, ки донандаи забони англисиянд, дар озмунҳои гуногуни донишгоҳҳои беҳтарини олам иштирок намуда, аз грантҳои омӯзишӣ бархурдор мегарданд.
Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова, хонанда Амирбек Зокиров ният дорад дар оянда дар соҳаи бизнес-идоракунӣ ва Самандар Самандаров дар соҳаи IT — технология омӯзиш дида, баъди хатми донишгоҳ баҳри пешрафти Ватан саҳм гузоранд.
Дар муассисаи таълимӣ тамоми имконият барои омӯзиши забони англисӣ фароҳам буда, бо азхудкунии забон хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳои назаррас мегарданд.
Ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ дар ин самт набуда, чанде қабл хонандаи Литсей Алишер Қосимов соҳиби Шоҳҷоиза — гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ дар 8 Донишгоҳи кишвари Амрико ва моҳи декабри соли 2021 се нафар хонандагони ин Литсей- Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза- 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд.
Омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои забономӯзии шогирдон пайваста талош мекунанд. Натиҷаи чунин заҳматҳост, ки соли хониши 2020-2021 аз 45 нафар хатмкунандагони МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд 40 нафар ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Италия ва Русия дохил шуда, боқимонда 5 нафар дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в.Суғд








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






