ДЗЮДО. Имрӯз Мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022» оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Анталияи Туркия Мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо- «Antalya Grand Slam 2022» оғоз шуда, то 3 апрел идома меёбад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи мазкур иштироки 535 варзишгар (319 мард, 216 зан) аз 65 давлати дунё дар назар аст.
Аз ҷумла, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби гӯштини дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар — Меҳрзод Сӯфиев (-60кг), Абубакр Шеров (-66кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ширкат мекунад.
Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегиранд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ низ қадрдонӣ мегарданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.
Барномаи баргузории мусобиқа:
Рӯзи 1 | 1 апрел | Ҷумъа
Оғоз: 11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg
Рӯзи 2 | 2 апрел | Шанбе
Оғоз: 11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg
Рӯзи 3 | 3 апрел | Якшанбе
Оғоз: 11:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg
Ҳамаи сабқатҳо бо вақти Душанбе сурат мегиранд
Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Tel Aviv Grand Slam 2022», ки 17-19 феврали соли 2022 дар пойтахти Исроил баргузор шуда буд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Ҳамчунин паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳи Устопириён дар аввалин мусобиқаи дзюдои соли 2022 – «Grand Prix Portugal 2022» сазовори медали биринҷӣ шуд.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






