ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон дар Лигаи олӣ муайян шуд

Апрель 27, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври мазкур дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан миёни ҳам бозӣ мекунанд.

23-24 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ хеле ҷолиб баргузор шуданд. Пас аз мағлубият дар бозии хонагӣ ба муқобили дастаи КМВА (1:2) сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Рустам Хоҷаев тасмим гирифт, ки аз роҳнамоии клуб канор равад. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо роҳбарии мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ сеюмин пирӯзии пайиҳамро дар оғози мавсим ба даст овард. Дар даври чорум артишиҳо дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.

Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби минималӣ (1:0) дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро шикаст дод. Голи ягонаро Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 45 ба нишон расонид. Бо 10 хол аз чор бозӣ дастаи Аслиддин Ҳабибуллоев дар садри ҷадвал қарор дорад.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ натавонист бар дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод пирӯз шавад (1:1). Ба голи задаи Абдухалил Боронов зафарободиҳо тавассути зарбаи нишонраси Азимҷон Мавлонов ҷавоб доданд.

Пас аз нокомиҳои пайиҳам дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонид.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 4 3 1 0 7-3 10
2 КМВА (Душанбе) 3 3 0 0 5-1 9
3 «Истаравшан» (Истаравшан) 3 1 1 1 5-1 4
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 1 1 2 4-3 4
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 1 1 2 3-4 4
6 «Равшан» (Кӯлоб) 3 1 1 1 3-4 4
7 «Файзканд» (Восеъ) 4 1 1 2 3-7 4
8 «Эсхата» (Хуҷанд) 3 1 0 2 4-6 3
9 «Равшан» (Зафаробод) 4 0 2 2 3-8 2
10 «Истиқлол» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0

 

 АКС: ФФ

Апрель 27, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид