Имрӯз дар Бишкек мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 10.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 апрел, дар Бишкек мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 оғоз мешавад, ки дар он дастаи миллии Тоҷикистон ширкат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозиҳои минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 аз 10 то 12 апрел баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад.
Ҳарифи дастаи Тоҷикистон дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Узбекистон (12 апрел) хоҳанд буд. Ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022
Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В»
Даври 1
10 апрел (якшанбе)
10-00 — Узбекистон — Непал
13-00 — ТОҶИКИСТОН — Афғонистон
Даври 2
11 апрел (душанбе)
10-00 — Непал — ТОҶИКИСТОН.
13-00 — Афғонистон — Узбекистон
даври 3-ум
12 апрел (сешанбе)
10-00 — Узбекистон — ТОҶИКИСТОН
13-00 — Афғонистон — Непал
Эзоҳ: соати оғози бозҳо бо вақти Душанбе.
АКС: ФФТ








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






