Имрӯз дар Чимкент ҷаласаи Кумитаи зиддиҳавоии мудофиавии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои зиддиҳавоии мудофиа (ЗҲМ) дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ 12 апрел дар Чимкент дар ҷануби Қазоқистон доир мегардад. Дар ин бора рӯзи душанбе хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Дар кори кумита ҳайатҳои вазоратҳои мудофиаи Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндагони комплекси ҳарбӣ-саноатӣ ва ташкилот дар соҳаи тадқиқот ва тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд.
«Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои такмили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ ва таҳкими ҳамкории бисёрҷонибаи низомӣ баррасӣ мешаванд», — омадааст дар хабар. Бино ба иттилои вазорат, дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз ва мақомоти кории он дар як соли охир ҷамъбаст ва вазифаҳо барои давраи оянда муайян гардида, масъалаҳои баргузории чорабиниҳои муштараки фаврӣ-ҷанговарии низомиёни ҳайати низоми ягонаи мудофиаи ҳавоии ИДМ дар соли 2022 баррасӣ мешавад.
Тибқи иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, 12-14 апрел дар Чимкент инчунин машқҳои якҷояи ситоди гурӯҳи компютерии системаи ягонаи зиддиҳавоии мудофиаи кишварҳои узви ИДМ «Бехатарии минтақавӣ-2022» ташкил карда хоҳад шуд. «Ҳаракатҳои низомӣ дар ду манзилгоҳ гузаронида мешаванд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои омодагӣ ва истифодаи низомиёни мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ ва Қазоқистон таҳия карда мешавад. Масъалаҳои омӯзишӣ ва ҷангӣ барои муқобила бо душмани шартӣ дар ҳаво аз ҷониби мутахассисони дифои ҳавоӣ дар нуқтаҳои автоматикунонидашуда, ки ба шабакаи умумии иттилоотии маҳаллӣ пайвастанд, анҷом дода мешаванд», — шарҳ дод вазорати мудофиаи Қазоқистон.
Тавре зикр намуданд, машқҳои компютерии фармондеҳию ситодӣ дар бисёр кишварҳо самти умедбахши такмили омодагии ҷангии кадрҳои низомӣ мебошанд. «Ин усули роҳандозӣ имкон медиҳад, ки намудҳои мухталифи вазъият, истифодаи неруҳо ва воситаҳои дифои зиддиҳавоӣ ба зудӣ татбиқ карда шаванд»,-гуфтанд дар хадамоти матбуотӣ.
АКС аз бойгонӣ








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






