ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Ҳадафи он ҷалби ҷомеаи ҷаҳон ба ҳифзи мероси умумибашарист

Апрель 18, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1984 инҷониб бо қарори ЮНЕСКО  ҳамасола  18 апрел Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ таҷлил мешавад, ки ҳадафи он ҷалби ҷомеаи ҷаҳон  ба ҳифзи мероси умумибашарӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон, аҳамият, дараҷаи осебпазирӣ ва манфиатҳои ҳифзи ин ҷашн мебошад. Зеро ҳар халқу миллати ҷаҳон дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои бузурги меъморӣ ва фарҳангю таърихии хеш дар тамаддуни умумибашарӣ саҳм гузоштааст.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Саҳми миллати тоҷик бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва фарзандони  шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ  басо назаррас мебошад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар тамоми зерсохторҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишҳои илмию-амалӣ доир мегарданд.

Доир ба Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА бо сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО Мирзошариф АБДУСАЛОМОВ ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Бақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ аз кадом сол   оғоз гардидааст ва то имрӯз чӣ миқдор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ, ёдгориҳои бостонӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд?

М. Абдусаломов: — Ёдгориҳои таърихии мамлакат ҳазорон сол аст, ки арзи ҳастӣ доранд,  аз асрҳои 4-3 пеш аз мелод  то ба асри мо расидаанд. То замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягон рӯйхат ё феҳристи ягонаи мураттаби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вуҷуд надошт. Танҳо чанд рӯйхати номукаммал ва ноқисе мавҷуд буданд, ки на ҳама мероси таърихии мо дар он нишон дода шуда буд. Хушбахтона, бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ корҳо дар ин самт ҷоннок карда шуданд ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ объекти асосии муаррифии Тоҷикистон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ гардиданд. То имрӯз дар мамлакат зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Барои ба қайди давлатӣ гирифтани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидаанд. Махсусан дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018 тасдиқ гардидааст, ки вобаста ба ин тамоми ёдгориҳои ба қайд гирифташуда дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд. Феҳристи мазкур аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соли 2018 рӯйи чоп омад, ки дастоварди беназир дар ин соҳа мебошад. Тибқи талаботи қарори мазкур, ҳар панҷ сол Феҳрист бо таҳрири нав, бо иловаи ёдгориҳои таърихии нав кашфшуда ва ихтисораи ёдгориҳои куллан нобудгардида чоп карда мешавад. Ин раванд идома дорад. Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки солҳои оянда феҳристи мазкурро бо таҳрири нав ва шумораи боз ҳам бештар таҳия карда, баъди мувофиқанамоӣ бо мақомоти дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро нашр карда, дастраси тамоми намояндагони шаҳру ноҳия ва шаҳрвандон гардонад.

АМИТ «Ховар»: — То имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими ҳифзи мероси ғайриманқули мамлакат кадом санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ бобати рушд ва пешрафти соҳа ба тасвиб расида, мавриди амал қарор гирифтаанд?

М. Абдусаломов: — Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими мақсаднок ва самараноки мероси фарҳанги ғайриманқули ҷумҳурӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ гардидаанд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонавӣ» , Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», ҳамчунин якчанд қарорҳои дигари соҳавӣ қабул гардидаанд. Ҳамчунин «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» қабул гардид, ки дар доираи он то соли 2020 хеле корҳои тармиму барқарорсозӣ, ҳуҷҷатнигорӣ оид ба ёдгориҳо анҷом дода шудаанд. Аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 майи соли 2020 тасдиқ шуда, мавриди амал қарор дорад.


АМИТ «Ховар»: — Ба иншооти мероси таърихию фарҳангии манқул ва ғайриманқул кадом ёдгориҳо дохил мешаванд?

М. Абдусаломов: Мероси таърихию фарҳангӣ ба ду навъ ё категория тақсим мешаванд: манқул ва ғайриманқул. Мероси манқул он ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бозёфту нигораҳое мебошанд, ки онҳоро аз якҷо ба ҷои дигар интиқол додан ва бурдан имкон дорад, яъне интиқолшавандаанд. Ба мероси таърихию фарҳангии ғайриманқул объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷое ё макони муайяне бино ёфтаанд ва интиқол дода намешаванд. Масалан, мақбараҳо, қабристонҳои таърихӣ, дайр, қалъаҳо, кӯшкҳо, шаҳру шаҳракҳои қадимӣ ва амсоли инҳо.

АМИТ «Ховар»: — Дар самти ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва  барқарорсозии иншооти мероси таърихию фарҳангӣ норасоии мутахассисон ҷой дорад?

М. Абдусаломов: Бо ба даст овардани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи фарҳанг хеле рушд кард. Дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат кафедраҳои махсус барои омода кардани мутахассисон дар ин самт ташкил шудаанд, ки ҳамасола даҳҳо ва садҳо нафар донишҷӯён дар ин риштаҳо таҳсил намуда, ба истеҳсолот сафарбар мешаванд. Бо вуҷуди ин мо ҳоло ҳам пурра бо мутахассисон таъмин нестем, зеро ин соҳаи муҳими сиёсати фарҳангӣ фаъолияти пурсамари мутахассисони касбиро тақозо мекунад. Масалан, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ  кори хеле нозук ва серталаб ҳаст. Тармимгар ё барқароркунандаи ёдгории таърихӣ ба ғайр аз талаботи қонунгузории миллӣ, инчунин талаботи қонунгузории байналмилалӣ ва конвенсияҳои соҳавии байналмилалиро бояд донад ва ёдгории тармимшавандаро мувофиқи он барқарор ва тармим намояд, ки ин хеле заҳмати зиёд ва дониши баланди  касбӣ талаб мекунад. Аслан мо имрӯз дар самти ихтисосҳои тармимгари ёдгориҳо ё барқароркунандаи ёдгориҳо (рестовратор)  танқисӣ мекашем.

Бо вуҷуди ин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ваколатдори давлатӣ дар ин самт аллакай тадбирҳо андешида истодааст. Тавре дар боло зикр намудем, аз ҷониби вазорат барномаҳои гуногуни соҳавӣ таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд ва давра ба давра амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, барои омода кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» мавҷуд аст. Инчунин дар «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» банди алоҳида барои омода кардани мутахассиони соҳавӣ муқаррар карда шудааст. Ҳамчунин вазорат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва соҳавии кормандони соҳа пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинару тренинг ва конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»: — Дар давраи ҷаҳонишавӣ муаррифии  мероси ғайримоддии мамлакат  яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Мегуфтед, ки дар ин самт аз ҷониби Вазорати фарҳанг кадом табирҳо амалӣ гардидаанд?

М. Абдусаломов: — Дар раванди ҷаҳонишавии бемайлони бархӯрди тамаддунҳо ё муколамаи тамаддунҳо мо наметавонем бетараф ва беҳаракат бошем. Дар ин радиф низ аз ҷониби Вазорати фарҳанг барнома ва консепсияҳои мушаххас роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, тавассути ворид намудани мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО, баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар дигар кишварҳо, баргузор намудан ва гузаронидани симпозиум ва намоишҳои байналмилалӣ оид ба нигораҳои нодири таърихии миллати тоҷик ва монанди инҳо якчанд корҳо ва барномаҳо амалӣ мешаванд, ки дар маҷмӯъ ҳамаи ин барои муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона гардидаанд.

АКСҲО аз муаллиф

Апрель 18, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад