ИМРӮЗ — РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН. Тоҷикистон дар нахустин парвози инсон ба кайҳон саҳм гузоштааст

Апрель 12, 2022 14:39

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон аз ҷониби Ассамблеяи генералии  СММ ба хотири таҷлил аз оғози давраи кайҳонӣ барои инсоният эълон шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, 12 апрели соли 1961, кайҳоннаварди  шӯравӣ Юрий Гагарин дар таърихи инсоният аввалин парвози кайҳонӣ анҷом дод. 

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, бахшида ба ин рӯз бо ибтикори Россотрудничества диктанти ҳарсолаи сайёравии «Рафтем!» доир гардид. Ба ин чорабинӣ дӯстдорони  мавзӯъҳои ситораҳо аз Аргентина, Арманистон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон ва Тоҷикистон тавассути барномаи телевизионии мустақим ҳамроҳ шуданд. 

Агентии Sputnik бо  истинод ба намояндагии Россотрудничества хабар медиҳад, ки дар диктанти ситораҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 130 нафар аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ширкат намудаанд. Ба гуфтаи  манбаъ, диктант як навъ санҷишест, ки ҳар кас метавонад аз он гузарад. Вай аз масъалаҳои на он қадар мураккаби пайванд бо аввалин парвози инсон ба коинот, бо одамоне, ки дар ибтидои барномаи кайҳонии шӯравӣ истода буданд, бо қаҳрамонон — кайҳоннавардон ва парвозҳои оянда, аз ҷумла ба дигар сайёраҳо иборат аст.

Дар Намояндагии Россотрудничества ҳамчунин аз нақши Тоҷикистон дар нахустин парвози инсон ба кайҳон ёдовар шуданд: донишмандони тоҷик ба таҳия ва татбиқи низоми тозакунии ҳаво дар киштии кайҳонии «Восток» машғул будаанд. Маҳз дар ҳамин киштӣ  12 апрели соли 1961 халабон-кайҳоннаварди СССР Юрий Алексеевич Гагарин аввалин шуда, ба коинот парвоз кард.

Киштӣ соати 09:07-и вақти Москва аз космодроми шӯравии  Байконур, воқеъ дар Қазоқистон ба фазо cap дода шуд. Ва муваффақона ба Замин баргашт. Ин парвоз натиҷаи меҳнати миллионҳо нафар одамон аз тамоми ИҶШС ва рамзи комёбиҳои илмӣ-техникии мамлакати пахновар буд.

 

Апрель 12, 2022 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон