ИМРӮЗ — РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН. Тоҷикистон дар нахустин парвози инсон ба кайҳон саҳм гузоштааст
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ ба хотири таҷлил аз оғози давраи кайҳонӣ барои инсоният эълон шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, 12 апрели соли 1961, кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин дар таърихи инсоният аввалин парвози кайҳонӣ анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, бахшида ба ин рӯз бо ибтикори Россотрудничества диктанти ҳарсолаи сайёравии «Рафтем!» доир гардид. Ба ин чорабинӣ дӯстдорони мавзӯъҳои ситораҳо аз Аргентина, Арманистон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон ва Тоҷикистон тавассути барномаи телевизионии мустақим ҳамроҳ шуданд.
Агентии Sputnik бо истинод ба намояндагии Россотрудничества хабар медиҳад, ки дар диктанти ситораҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 130 нафар аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ширкат намудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, диктант як навъ санҷишест, ки ҳар кас метавонад аз он гузарад. Вай аз масъалаҳои на он қадар мураккаби пайванд бо аввалин парвози инсон ба коинот, бо одамоне, ки дар ибтидои барномаи кайҳонии шӯравӣ истода буданд, бо қаҳрамонон — кайҳоннавардон ва парвозҳои оянда, аз ҷумла ба дигар сайёраҳо иборат аст.
Дар Намояндагии Россотрудничества ҳамчунин аз нақши Тоҷикистон дар нахустин парвози инсон ба кайҳон ёдовар шуданд: донишмандони тоҷик ба таҳия ва татбиқи низоми тозакунии ҳаво дар киштии кайҳонии «Восток» машғул будаанд. Маҳз дар ҳамин киштӣ 12 апрели соли 1961 халабон-кайҳоннаварди СССР Юрий Алексеевич Гагарин аввалин шуда, ба коинот парвоз кард.
Киштӣ соати 09:07-и вақти Москва аз космодроми шӯравии Байконур, воқеъ дар Қазоқистон ба фазо cap дода шуд. Ва муваффақона ба Замин баргашт. Ин парвоз натиҷаи меҳнати миллионҳо нафар одамон аз тамоми ИҶШС ва рамзи комёбиҳои илмӣ-техникии мамлакати пахновар буд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






