КОРЕЯИ ҶАНУБӢ БА ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ОМОДА АСТ. Ҳайати расмии ҶТ дар ҶК ду ёддошти тафоҳум ба имзо расонид

Апрель 13, 2022 15:28

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Ҷумҳурии Корея омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ, ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳои мавсимӣ дар самти кишоварзӣ ва  ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон  изҳор  намуд.  Ҷиҳати  амалӣ гардидани ин масъалаҳо миёни Тоҷикистон ва Корея ду ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ  ба имзо расиданд ва ин санадҳо тибқи тартиб, барои тасдиқ ба Парлумони Ҷумҳурии Корея ирсол мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз 5 то 11 апрел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо мақсади ҷалб намудани кормандони мавсимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофоти гуногуни Ҷумҳурии Корея ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо муовини Сарвазир, Вазири ҳамоҳангсози сиёсати давлатии Ҷумҳурии Корея Ку Юн Чхол, Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Корея Ан Кёнг Дук, Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Корея ва Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳамкории иқтисодии шимоли назди Президенти Ҷумҳурии Корея, Роҳбари Дастгоҳи ҳамоҳангсози сиёсати давлатии Ҷумҳурии Корея, Раиси шаҳри Сангҷу, Раиси Шӯрои Ассамблеяи вилояти Чола-Пукто ва роҳбари ширкати «IIeyang OPO Corp» вохӯриву суҳбатҳо баргузор намуд.

Зимни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳо оид ба роҳандозии ҳамкории минбаъда барои муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ ба Ҷумҳурии Корея дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Ан Кёнг Дук ба рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва ба сатҳи нав расонидани он таъкид намуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самтҳои дахлдор густариш диҳанд.

Раиси шаҳри Сангҷу Канг Ёнг Сук зимни мулоқот зикр намуд, ки шаҳри Сангҷу омода аст шаҳвандони Тоҷикистонро барои корҳои мавсимии кишоварзӣ қабул намояд.

Ширин Амонзода бо раиси шаҳри Сангҷу Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни шаҳри Сангҷуи Ҷумҳурии Корея ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби кормандони мавсимӣ ба имзо расонид.

Зимни мулоқот Ширин Амонзода ва Раиси Шӯрои Ассамблеяи вилояти Чола-Пукто Парк Ёнгкеум иброз доштанд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея имконияти истифоданашудаи ҳамкорӣ мавҷуданд ва дар ин робита омодагии худро ҷиҳати пурра миёни Ассамблеяи вилояти Чола-Пукто ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби кормандони мавсимӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи тартиб, барои тасдиқ ба Парлумони Ҷумҳурии Корея ирсол мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Апрель 13, 2022 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад
ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд