ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. «Истиқлол» дар даври сеюм бо дастаи футболи «Ал-Ҳилол» бозӣ мекунад

Апрель 13, 2022 13:48

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел чемпиони Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022  бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайи ҳам ду пирӯзӣ ба даст овард, рақобат мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар  бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз  дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб  бо  ҳисоби 2:1 мағуб гардид  ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор намуд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ  ба нишон расонид.

Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес,  дар дақиқаи  54 ва   Бернард Анисио,  дар дақиқаи  57 ба ҳадаф расониданд.

Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расонида буданд.

АКС: ФФТ

Апрель 13, 2022 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд