Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар Мастчоҳ аз муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг дидан кард

Апрель 7, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 07.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар ноҳияи Мастчоҳ аз муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг дидан намуда, бо шароити хизматрасонӣ, таълиму тарбия ва баланд бардоштани маънавиёти мардум аз наздик шинос шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат аз муассисаи таълимии №26 ва Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Оббурдон бо омӯзгорон ва табибон ҳамсуҳбат шуда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши фанҳои дақиқ, забономӯзӣ, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан дар деҳот дастур ва маслиҳатҳои муфид дод.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дониста, бо дастгирии пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳот сол аз сол бунёди як қатор муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба роҳ монда мешавад ва бо ин мақсад хизматрасонии таббӣ ба аҳолӣ ва шароити таълиму тарбия беҳтар мегардад.

Матлубахон Сатториён ҳамчунин аз китобхонаи филиали №2-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дидан карда, бо шароити хизматрасонии ин муассисаи фарҳангӣ шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки пас аз эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таваҷҷуҳи аҳолӣ ба хондани китоб бештар гардида, муштариёни китобхона нисбат ба панҷ соли қабл ба маротиб афзудааст.

Муовини Сарвазири мамлакат бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маънавиёти мардум ба масъулини соҳа дастур дод, ки барои афзун намудани шумораи китобҳои бадеӣ ва адабиёти ҷаҳон тадбирҳои амалӣ андешида, аҳолиро ба китобхонӣ ҷалб намоянд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 7, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад