Муовини якуми Раиси ҲХДТ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот кард

Апрель 2, 2022 11:44

ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар дастгоҳи КИМ ҲХДТ мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва роҳбари маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён низ иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба иттилоъ медиҳад, дар мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ ташрифи сафир Тзи Шуминро хуш пазируфта, номбурдаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик гуфт ва дар татбиқи рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон барори кор орзу намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.

— Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба муносибати 100-солагии Ҳизби коммунистии Чин табрик намуданд. 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии кишварҳои мо ибратомӯз аст, — гуфт Тзи Шумин.


Тзи Шумин ҳамчунин зикр кард, ки «мо эҳсос мекунем, ки Тоҷикистон ба ҳайси шарики стратегӣ ба таври мунтазам аз мавқеъгириҳои Чин дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ менамояд. Мо низ дар навбати худ Тоҷикистонро ба ҳайси шарики баробар ва комилҳуқуқ мешиносем».

Ҷонибҳо ба ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин баҳои мусбат дода, дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, инчунин перомуни мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ибрози андеша карданд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикиро касб намудаанд. Саҳми бевоситаи раисони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин марҳила хосатан таъкид мешавад. Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкории ҳизбӣ ва вусъат бахшидани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ карда шуданд.

АКСҲО: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Апрель 2, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд