ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 19-20 апрел дар Тоҷикистон вазъи ҳаво номусоид мешавад

Апрель 17, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки 19-20 апрел дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво дар назар буда, борони бошиддат ба амал меояд.

Дар  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони бошиддат пешгӯӣ шуда, инчунин дар ин рӯзҳо раъду барқ ба амал меояд.

20 апрел дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боридани жола аз эҳтимол дур нест.

18-20 апрел дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Инчунин 18-19 апрел дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 17, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд