Ғолибони Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд муайян гардиданд

Апрель 7, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 1 то  6  апрел бо ибтикори бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVl  Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, хабар дод ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»   корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Дар мусобиқаи футболи хурд 6 даста дар ду гурӯҳ миёни ҳам рақобат намуданд.

Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ҷои дуюм насиби дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҷои сеюм насиби дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин варзишгарон бо диплому медал, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 7, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад