Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли асфалтро ифтитоҳ намуданд

Апрель 15, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли асфалти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсоли асфалт бо технологияи замонавӣ дар доираи Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён дар масоҳати як гектар бунёд карда шудааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоту технологияи муосир 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Коргарони ширкат нақша доранд, ки дар ояндаи наздик хатти нави коркарди регу шағалро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар натиҷа боз чандин нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки технологияи корхона аз кишварҳои пешрафта ворид карда шудааст. Корхонаи истеҳсоли асфалт иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 2 километр хатти лӯлаҳои газӣ кашида шудааст. Барои кашонидани асфалт зиёда аз 10 техникаи пуриқтидор харидорӣ гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки ширкати ватанӣ аз соли 2007 фаъолияти худро оғоз намуда, самти фаъолияташ ба корҳои сохтмони механикӣ нигаронида шудааст. Давоми ду соли охир ҷамъият ба корҳои роҳсозӣ машғул гардида, дар ободонии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳиссаи арзанда мегузорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат бо бунёди корхонаҳои нав ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди регу шағал ва истеҳсоли асфалти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ” беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар марҳилаи аввал музди маоши кормандони корхона ба ҳисоби миёна 1400 сомонӣ буда, минбаъд он баланд бардошта мешавад.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шуда, соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.

Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар вилояти Суғд 14 корхонаи истеҳсоли асфалт фаъолият доранд. Танҳо давоми 8 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳҳои мошингард аз тармим ва таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Ифтитоҳи корхонаи асфалтбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15.04.2022

Апрель 15, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Чойхонаи миллӣ барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароит фароҳам оварда мешавад
Дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод «Маркази ҷавонон» ва майдончаҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд
Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад
Ҷаласаи 11-уми Шуро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд