Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент майдони Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Апрель 14, 2022 12:26

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент майдони Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардида, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии бештар зам менамояд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 55 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 ва паҳноиаш 7 метр мебошад.

Дар атрофи ин рамзи давлатӣ майдони васеъ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон дар ин ҷо монитори калонҳаҷм барои намоиши наворҳои таблиғотӣ гузошта шудааст.

Дар майдони назди Парчами давлатӣ 5 фаввора ва 2 суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шуда, 140 сутунчароғи равшанидиҳанда ва 40 нишасткурсӣ насб гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Масоҳати 7 ҳазору 500 метри мураббаъ дар ин ҷо сабзкорӣ ва 8 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Бо тарҳи муосир бунёд гардидани майдони рамзи давлатӣ дар маркази шаҳри Панҷакент маҳорати баланди сохтмончиёнро бозгӯ мекунад.

Дувоздаҳ ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 20 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимию доимӣ аз ҷумлаи ороишоти дигари майдони Парчами давлатӣ мебошад.

Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҳамчунин намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр навсозӣ гардид.

Пешвои миллат ба кори анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро барои минбаъд саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Панҷакент 14.04.2022

Апрель 14, 2022 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд