Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт Коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхонаро ифтитоҳ карда, ба 100 нафар ятимони кулл туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол” инчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхонаро ба истифода доданд.
Ташкили коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат” ба роҳ монда шудааст.
Коргоҳи дӯзандагӣ дар асоси фармоиши мизоҷон сару либоси мактабӣ ва либосҳои кории соҳавӣ омода месозад. Дар ин муассиса бештар ҷавондухтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Ҳаҷми сармоягузории коргоҳи дӯзандагӣ дар Маҷмааи “30-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Ашт 595 ҳазор сомониро ташкил дода, хати технологии он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Иқтидори солонаи корхона бо истифодаи ашёи хоми дохилӣ 20 ҳазор дона либосро дар бар мегирад. Дар ин корхона 40 нафар бонувон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Ин шабу рӯзҳо коргарони сехи дӯзандагӣ ба хотири таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ фармоиши муассисаҳои таълимии ноҳияро қабул мекунанд. Дар ноҳияи Ашт имрӯз 37 ҳазору 461 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Ба хотири таъмини мизоҷон бо сару либоси мактабӣ, кор дар ин коргоҳ ба тариқи шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 60 миллиону 525 ҳазор сомониро ташкил дод. Айни замон дар вилояти Суғд 74 адад корхонаи дӯзандагӣ амал мекунад ва давоми моҳҳои январ-феврал онҳо ба маблағи 46 миллиону 298 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкоронро муҳим арзёбӣ карда, бобати афзоиши маҳсулот ва ҷалби зиёдтари занони хонашин ба чунин корҳои даромаднок ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи барҳавои Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол”, ки мавриди истифода қарор дода шуд, бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Бӯстон ва Истиқлол, мулоқот карданд. Барои ин кӯдакону наврасон дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад






