Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Хишти аълосифат»-ро ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти аълосифат”-ро, ки фаъолияташ тариқи хатҳои муосири технологӣ ба роҳ монда шудааст, ба истифода супориданд.
Корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз гашта, иншоот аз ҷониби мутахассисони ватанӣ бунёд карда шуд.
Майдони умумии замини корхона 1,84 гектарро дар бар гирифта, масоҳати зери сохтмон 6811 метри муррабаъро ташкил медиҳад.
Корхонаи хиштбарорӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти аълосифат” Нӯъмон Розиқов бунёд карда шудааст.
Истеҳсоли хишт ду марҳиларо дар бар гирифта, тибқи нақша дар як сол корхона дорои иқтидори истеҳсоли 5 миллион дона хишти пухта мебошад.
Барои босифат ва ба талаби замон истеҳсол намудани маҳсулот техникаву таҷҳизоти муосир, ки ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо таъсиси коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии “Хишти аълосифат” барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ифтитоҳи иншооти навбунёд шумораи корхонаҳои замонавӣ, ки самти фаъолияташонро истеҳсоли хишти пухта ташкил медиҳад, ба 11 адад расид.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 134 корхонаи хиштбарорӣ буда, аз ин дар шаҳри Душанбе 6, вилояти Хатлон 16, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, вилояти Суғд 53 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 58 корхона фаъолият дорад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2021 — 178 миллион дона ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 4,5 миллион дона хишти пухтаро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои муосири замонавӣ замина гузошта, ба ин васила дар баробари рушди иқтисоди миллӣ ҳамзамон ҳазорҳо нафар сокинони ҷумҳурӣ дар соҳаи истеҳсолот бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Зимни ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии “Хишти аълосифат” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси ободкоронаи соҳибкори ватанӣ Нӯъмон Розиқов баҳои арзанда дода, зикр сохтанд, ки баҳри рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ, таъмини талаботи сокинон бо хишти пухта ва фаъолияти мунтазами коргоҳи истеҳсолӣ таваҷҷуҳ ва меҳнати содиқона замина мегузорад.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ






