Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кӯдакистони хусусии «Шаҳноз»-ро ба истифода доданд

Апрель 17, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 17.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ҷӯи болои шаҳри Исфара кӯдакистони хусусии “Шаҳноз”-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Масоҳати умумии иншоот 0,15 гектар заминро ташкил намуда, аз ҷониби сокини маҳаллӣ, омӯзгор Яҳёева Рисолат сохта шудааст.

Кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” дорои таҳхона ва се ошёна буда, имкон фароҳам оварда шудааст то 120 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар муассисаи томактабӣ омӯзиш ба забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, оянда баҳри омӯзиши дигар забонҳо низ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади ба талаботи замон ба роҳ мондани таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” мураббиёни дорои малакаи баланди касбӣ ҷалб шуда, тибқи нақша ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои муосири илмомӯзӣ онҳо пайваста аз курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос мегузаранд.

Дар доираи ифтитоҳи иншоот ба таълимгирандагони ин боргоҳи илму маърифат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Дар саҳни бино 4 айвонча ва ҳамзамон баҳри омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва гузаронидани машғулияту бозии кӯдакон заминаи созгор фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи татбиқи барномаву стратегияҳо ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳри Исфара дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 32 муассисаи томактабӣ бунёд карда шудааст, ки дар онҳо 3077 нафар кӯдак ба омӯзиш машғуланд.

Бо ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои кӯдакистони навбунёд аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи маориф, зина ба зина беҳтар намудани инфрасохтори соҳа, дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ояндасози ватан ва омӯзиши илмҳои муосир ёдрас шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва талошҳо ба хотири рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Ба истифода додани кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” дар шаҳри Исфара 17.04.2022

Апрель 17, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд