Президенти Тоҷикистон бори дигар аз мардум даъват намуданд, ки барои ду сол маводи ғизоӣ захира намоянд

Апрель 4, 2022 12:25

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати бамиёномада дар ҷаҳон ба тамоми давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонида истодааст, зикр намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 1 апрел зимни паёми худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон. Ба таъкиди  Пешвои миллат, пайомадҳои ин буҳрон пешгӯинашаванда ва тӯлонӣ буда, дар робита ба ин зарур аст, ки барои ду сол маводи ғизоӣ захира карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки барои таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои истеъмолӣ шаҳрвандон бояд ба истифодаи самараноки замин аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода намоем, то ки <…> ба ҳосили фаровон замина гузорем. Дар хотир бояд дошт, ки ҳар оила бояд барои ду сол захираи маводи ғизоӣ дошта бошад»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Президенти кишвар иброз намуданд, ки ҳамзамон бояд тадбирҳо андешида шаванд, то ки мардуми кишвар ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд ва аз камбуди ғизою болоравии арзиши маводи ғизоӣ осеб набинанд.

«Дигар нуктаи муҳим – худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан давоми моҳи шарифи Рамазон мебошад,-баён доштанд Сарвари давлат,- Мо понздаҳ сол пеш маҳз ба хотири ба танзим даровардани анъанаву маросим ва расму ойинҳои миллӣ аввалин қонуни миллиро қабул намудем”.

Ба гуфтаи Пешвои миллат, раванди татбиқи қонуни миллӣ ва натиҷаҳои он собит намуд, ки ташаббуси мо дуруст, саривақтӣ ва ҷавобгӯи манфиатҳои мардум аст.

Бояд гуфт, ки барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ Пешвои миллат ҳанӯз дар пасманзари пандемияи коронавирус соли 2020 даъват карда буданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон бояд бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намуда, кишти картошка, ғалладона ва ҷуворимаккаро зиёд намояд. Ҳамчунин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум — орд, равғани растанӣ ва биринҷ афзоиш дода шавад.

Худи ҳамон сол, тавре хабаргузории «Синхуа» хабар дод, Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин низ аз ҳамватанонаш даъват ба амал овард, ки дар мавриди истеъмоли ғизо ва исрофкорӣ таҳаммулпазир бошанд.

«Бо вуҷуди он ки мо сол то сол ҳосили [калони] ғалла ҷамъоварӣ мекунем, ҳанӯз ҳам ба амнияти озуқаворӣ муносибатро огоҳона намудан зарур аст», — иброз намуд роҳбари Чин ва одати исроф кардани хӯрокро «таассуфовар ва ҳайратовар» номид.

Ҳамзамон бо ин роҳбари Чин зарурати таҳкими заминаи қонунгузорӣ ва назорат, андешидани тадбирҳои муассир ва таъсиси механизми дарозмуддати мубориза бо исрофкории ғизоиро таъкид намуд. Роҳбари Чин тавзеҳ дод, ки «таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ ва [тадбирҳои] маърифатии [шаҳрвандон], инчунин омӯзонидани одати сарфаҷӯӣ зарур буда, тарзе амал кардан лозим аст, ки  ҷомеа исрофкориро шармовар ва сарфакориро мояи ифтихор донад»,-баён дошт раиси ҶМЧ.

Моҳи ноябри соли 2021, дар авҷи пандемия Вазорати тиҷоратии Чин бо нашри як огоҳинома аз мақомоти минтақа даъват кард, ки нархҳои ғизоро мӯътадил созанд, дар зимистон ва баҳори оянда захираи кофии ғизоро таъмин намоянд ва сокинонро ба захира намудани маводи ғизоӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ ҳавасманд созанд.

Қаблан Созмони умумиҷаҳонии озуқаворӣ ва кишоварзии СММ аз қаҳтии фалокатбори дарпешистода ба далели вазъ дар Украина ва ҷорӣ намудани таҳримҳо бар зидди Русия ҳушдор дода буд. Иттилоъ дода мешавад, ки дар навбати аввал Яман, Афғонистон, Сурия, якчанд давлати Сахел ва минтақаҳои Африқо ба он дучор мешаванд. Тибқи иттилои Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, соли 2022 соли гуруснагии фалокатбор хоҳад шуд, ки дар он 44 миллион нафар аз 38 кишвари ҷаҳон зарар хоҳанд дид. Дар ин маврид сухан дар бораи он кишварҳое меравад, ки вазъи буҳронӣ дар онҳо ҳанӯз пеш аз рӯйдодҳои Украина ба вуҷуд омада буд ва ҳоло он ба таври ҷиддӣ бадтар хоҳад шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2022 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд