Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ “Органик-Ян 2”-ро ифтитоҳ карданд

Апрель 15, 2022 09:21

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик-Ян 2” оид ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта оғоз бахшиданд.

Коргоҳи “Органик-Ян 2” дар деҳоти Ғӯлакандози ноҳия дар масоҳати 2,27 гектар ҷой гирифта, ифтитоҳи коргоҳ идомаи хати истеҳсолоти “Органик-Ян” мебошад ва он бо саҳми соҳибкор Даврон Ахмедов бо харҷи маблағи сармоявии 37 миллион сомонӣ таьсис дода шудааст.

Дар марҳилаи аввали оғози фаъолият коргоҳи “Органик-Ян” иқтидори истеҳсолиро ба миқдори 5 ҳазор тонна ба нақша гирифта, бо ба истифода додани коргоҳи “Оргник-Ян 2” иқтидори корхона ба истеҳсоли 7 ҳазор тонна ресмонҳои пахтагин баробар мегардад.

Дар коргоҳи нав то 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди маоши хуб таьмин гаштанд.

Барои истеҳсоли маҳсулоти пахтагин таҷҳизоту технологияи муосири ширкати “Мурата”-и Ҷопон васлу насб гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 2 ҳазор тонна ресмони дутоба аст.

Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани доираи истеҳсолии коргоҳ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пахтагин бо коркарди нахи пахта мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои арзанда доданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳу бакорандозии чунин корхонаҳои коркарди нахи пахта имконият медиҳад, ки ашёи хоми ватанӣ — пахта ҳарчӣ бештар коркард шуда, маҳсулоти хушсифат истеҳсол гардад.

Қаблан дар корхонаи “Органик-Ян” ресмонҳои пахтагин истеҳсол мешуданд ва бо гузоштани хати нави истеҳсолии замонавӣ ресмонҳо дутобаю сетоба карда мешаванд, ки бино ба таҳлили мутахассисон, дар корхонаҳои бофандагии ватанӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд доранд. Дар баробари таьмини корхонаҳои ватании бофандагии дутобаю сетоба имконияти баланд бардоштани иқтидори содироти корхона аз ин ҳисоб ба миён меояд.

Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ “Органик-Ян 2” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 15.04.2022

Апрель 15, 2022 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад