Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар оғоз сарони ду кишвар ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Президентҳо бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар пояи анъанаҳои нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни рушди афзояндаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин сатҳи кунунии ҳамкории Тоҷикистону Русияро дар соҳаи амниятӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат раванди рушди вазъият дар Афғонистон ва ҳолати сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, дар робита ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.








Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






