Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба корҳои сохтмонӣ барои бунёди Корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи ресмонбарорӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 10 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз, дар масоҳати 2 гектар бо таъсиси 450 ҷойи нави корӣ дар се баст пешбинӣ гардидааст.
Арзиши лоиҳавии корхонаи коркарди пахта 79,3 миллион сомониро ташкил дода, бо дастгирии Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ашт бунёд мегардад.
Таҷҳизоти истеҳсолии дар корхона насбшаванда аз Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд.
Дар коргоҳи ҷуроббофӣ насби 200 адад дастгоҳ бо иқтидори 30 ҳазор ҷуфт дар як шабонарӯз ва беш аз 8 миллион ҷуфт дар як сол, дар назар дошта шуда, бо бунёди коргоҳ 150 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.
Арзиши лоиҳавии коргоҳи ҷуроббофӣ, ки дар масоҳати як гектар бунёд мешавад, 11,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Технологияи коргоҳи ҷуроббофӣ дар асоси шартнома аз кишварҳои Олмон ва Швейтсария ворид мегардад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхона ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати ободонии диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки бунёди корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ бо 600 ҷойи корӣ дар ноҳияи Ашт дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат” иқдоми арзанда маҳсуб меёбад.
Соҳибкорон нақша доранд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи калони истеҳсоли ҷуроб фаъолият дорад ва маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ивазкунандаи воридот мебошад.









ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






