Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ «Амина К»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина К”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст. Дар корхона асосан истеҳсоли комбикорм — хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ истеҳсол карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар 1 шабонарӯз 480 тонна хӯроки омехтаи чорвою паранда истеҳсол менамояд, ки дар як сол ба 175 ҳазор тонна баробар мешавад.
Барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда маҳсулоти хом аз кишварҳои Белгия, Аргентина, Олмон, Русия, Қазоқистон ва Беларус ворид карда шуда, бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ коркард мешавад.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргох 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, имконият фароҳам меорад, ки корхонаҳои мурғу чорвопарварии ватанӣ бо маҳсулоти хушсифати хӯрокӣ таъмин карда шаванд ва ҳам нархи хӯроки чорвою паранда дар бозор коҳиш ёбад.
Афзудани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ, фермаҳои чорводорӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ зарурат пеш меорад, ки дар кишвар чунин корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи парандаю чорво бештар бунёд карда шаванд.
Айни замон дар вилояти Суғд дар баробари коргоҳҳои коркарди гандум ва пахта, ки барои чорвою парандаҳо низ хӯрок истеҳсол мекунанд, боз беш аз 10 корхонаи истеҳсоли хӯроки чорвою паранда фаъолият доранд.









Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






