СММ омори риққатангези марги кӯдаконро дар Афғонистон расонаӣ кард

Апрель 25, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ маълумот  дар бораи талафот  миёни кӯдаконро  дар Афғонистон дар тӯли як ҳафта  нашр кард. Дар ин бора директори минтақавии созмон Ҷорҷ Лареа-Аҷей дар саҳифааш  дар  “Твиттер” хабар додааст.

Ба иттилои  ӯ, дар пайи як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар ҳудуди панҷоҳ  нафар ноболиғон  ба марг расонида шудаанд. «Танҳо дар як ҳафта беш аз 50 нафар писарону духтарон  бар асари як силсила нақзи шадиди ҳуқуқи инсон  дар Афғонистон кушта шуданд. Аз рӯи  гузоришҳои баррасишаванда, интизор меравад, ки ин рақамҳо боз ҳам афзоиш ёбанд”, — гуфт ӯ.

Лареа-Аҷей афзуд, ки дар таркиши ахир дар масҷиди Мавлавӣ Сикандар дар шаҳри Кундуз на кам аз 4 кӯдак кушта ва бисёре аз кӯдакони дигар ба таври ҷиддӣ захмӣ гардидаанд.

Директори минтақавии ЮНИСЕФ ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистонро маҳкум карда, таъкид намуд, ки ҳама навъҳои хушунат алайҳи ноболиғон бояд фавран қатъ карда шаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, чанде пеш дар намози пешин дар яке аз масҷидҳои шаҳри Мазори Шарифи шимоли Афғонистон таркиши калон рух дод. Дар ин вақт барои адои намоз одамони зиёде  дар масҷид ҷамъ омада буданд. Дар натиҷаи ин таркиш  31 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 87 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дере нагузашта гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”* масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Мавриди зикр аст, ки дар Афғонистон пас аз иваз шудани ҳокимият ва ба дасти “Толибон”* омадани қудрат дар моҳи августи соли 2021 тақрибан ҳар ҳафта дар ин кишвар таркишҳо ба амал меоянд. Ҳамин тариқ, тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо,  дар маҷмӯъ беш аз 250 нафар кушта ва садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Бар асари таркиш дар назди мактаб дар Кобул на кам аз 25 нафар кушта шуданд.

АКС: Sputnik / Касра Рой

___________________________

* Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.

Апрель 25, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд