ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, шанбе, 113-умин рӯзи соли 2022 аст

Апрель 23, 2022 08:00

23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ-хизматрасонии «Меҳри Модар» ба истифода дода шуд.

***

7 сол пеш, 23 апрели соли 2015 Вазири вақти фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Владимир Мединский дар доираи Ҷаласаи 12-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барномаи ҳамкории байниидоравӣ барои солҳои 2015-2017-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.

23 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.

***

Рӯзи забони англисӣ дар СММ.

РӮЙДОДҲО:

23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфтанд.

***

23 апрели соли 2015 нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия доир гардид.

***

6 сол пеш, 23 апрели соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардид.

***

23 апрели соли 1929 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин нақшаи 5-солаи рушди хоҷагии халқ қабул карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

23 апрели соли 1965 аввалин моҳвораи алоқаи Иттиҳоди Шӯравӣ «Молния-1» ба кайҳон равон карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1911 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нахустин маротиба Намоиши байналмилалии ҳавопаймоҳо гузаронида шуд.

***

Соли 1974 дар ҷазираи Балии Индонезия ҳавопаймоии Boeing 707-и ширкати Pan American ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 107 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Апрель 23, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, ҷумъа, 254-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, панҷшанбе, 253-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, чоршанбе, 252-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, сешанбе, 251-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, душанбе, 250-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, якшанбе, 249-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст