ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, душанбе, 115-умин рӯзи соли 2022 аст

Апрель 25, 2022 08:00

25 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Ҷянҷу мулоқот намуданд.

***

5 сол пеш, 25 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка, генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус доир гашт.

25 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии пингвингҳо.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа.

РӮЙДОДҲО:

25 апрели соли 2013 Раиси онвақтаи Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо унвони фахрии «Доктор права»-и Донишгоҳи давлатии Италия «Ла сапиенца» мукофотонида шуд.

***

25 апрели соли 2014 дар шаҳри Пекин таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ва Гурӯҳи кории коршиносон оид ба масъалаҳои васеъшавии созмон, инчунин машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ миёни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон» баргузор шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дзюдочии тоҷик Сомон Маҳмадбеков барандаи мусобиқаи Ҷоми кушодаи Африқо гардид.

***

25 апрели соли 2018 вакилони палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистонро  оид ба фаъолияти  намояндагони сарҳадӣ ба тасвиб расониданд.

***

26 сол пеш, 25 апрели соли 1996 нахустин ҳафтаномаи хусусии «Чархи гардун» нашр гардид.

***

25 апрели соли 1954 маркази тадқиқотии америкоии «Белл телефон» оид ба сохтани батареяҳои офтобӣ хабар дод.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1719  дар Лондон аввалин романи Даниэл Дефо дар бораи  Робинзон Крузо интишор гардид.

***

Соли 1901 дар Ню-Йорк аввалин маротиба дар ҷаҳон рақамҳои мошин мавриди истифода қарор дода шуданд.

Апрель 25, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш