Таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо кадрҳои омӯзгорӣ масъалаи асосии соҳаи маориф аст
ДУШАНБЕ, 13.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Чунин зикр намуд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баргузории ҷаласаи вазорат. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Раҳим Саидзода гуфт, ки ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳои зикршуда сафарбар менамояд. Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 барои 2166 нафар пешниҳод гардида буд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 828 нафар кам мебошад.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши Вазири маориф ва илм аз 9 феврали соли 2022 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2022” ба тавсиб расид, ки тибқи он моҳи майи имсол бо иштироки кормандони вазорат тақсимот гузаронида шуда, натиҷаи он дар шашмоҳаи дуюми соли 2022 дар маҷлиси назоратии назди Вазири маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Вазири маориф ва илм вобаста ба таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз зумраи ташаббусҳои судманди Ҳукумати мамлакатанд, ки дар меҳвари он таваҷҷуҳ ва дастгирии масъулини соҳаи маориф қарор дорад.
Амалӣ гардидани барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти таъмини пешрафти рушди маориф, ба истифода додани иншооти гуногуни соҳа, марҳала ба марҳала баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз ибтикороти самарабахши Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаи маорифи мамлакат нақши муассир мегузоранд.
Вазири маориф ва илм аз мутахассисони соҳаи маориф даъват ба амал овард, ки дар татбиқи ҳамаҷониба ва густариши ин соҳаи афзалиятноки мамлакат нақши арзишманд гузошта, масъулияти баланд нишон диҳанд, рисолати касбии худро дар назди ҷомеа ва давлату миллат содиқона ва поквиҷдона иҷро намоянд, то соҳаҳои маориф ва илм рушд кунанд, мақоми омӯзгор ва сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд гардад.
АКСҲО: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






