Темур Раҳимов медали биринҷии мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022»-ро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи ҷудои «Antalya Grand Slam 2022» медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.
Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шурӯъ карда, бар Григорий Приор аз ШМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз мағлуб гардид. Темур сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Ушангӣ Кокаурии озарбойҷонӣ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.


Варзишгари дигарамон Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷои ҳафтумро гирифт. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар ду давр бар намояндагони Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чех (Давид Кламмерт) пирӯз шуда, дар чорякфинал аз Лука Маисурадзеи гурҷистонӣ ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз Луис Крибер Гагнони кандаӣ шикаст хӯрд.
Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар: Меҳрзод СӮФИЕВ (-60кг), Абубакр ШЕРОВ (-66кг), Шаҳбоз САИДАБРОРОВ (-66кг), Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг), Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (-90кг), Абубкри АКОБИР (-100кг), Темур РАҲИМОВ (+100кг) ширкат кард.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардиданд – барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.
Ин медали панҷуми Темур Раҳимов дар мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо мебошад. Ӯ соли 2019 дар Гран Прии Марокаш медали биринҷӣ, соли 2021 дар Гранд Слами Боку медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Дабӣ медали биринҷӣ, соли 2022 дар Гранд Слами Тел Авив медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин дар Чемпионати Осиё/Уқёнус соли 2019 сазовори медали нуқра ва соли 2021 сазовори медали биринҷӣ гардидааст.
АКСҲО: КМО Тоҷикистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






