Тоҷиддин Ҷӯразода: Бо истифода аз имконоти мавҷуда Тоҷикистонро бояд чун сарзамини воқеан сайёҳӣ муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли сипаришуда аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд ва интизор меравад, ки соли равон бо назардошти кушода шудани тамоми сарҳадҳо ин омор зиёд гардад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) дар мавзӯи «Нақши сайёҳӣ дар раванди рушди миллӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ» доир гардид, зикр намуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз ҷараёни ҳамоиш иттилоъ дод, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДБССТ аз созмондиҳандагони ин ҷамъомад буда, дар он роҳбарият ва кормандони масъули вазорату идораҳои мамлакат, масъулини бахшҳои минтақавии сайёҳӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳии кишвар иштирок намуданд.
Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз бахшҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ мебошад, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд ва дар доираи ин солҳо маҳз бо таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушду такомул намуд ва Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардид.
Дар зарфи ду соли охир ҳудуди 50 ширкати нави сайёҳӣ вориди бозори сайёҳии кишвар гардиданд. Инчунин бо назардошти пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз ҷумла озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ аз андоз аз даромад ба муҳлати панҷ сол, озод намудани воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ ба рушди бахши сайёҳии мамлакат таъсири чашмрас расонд. Бунёд ва ба истифода додани беш аз 25 ҳазор иншоот ва инфрасохтор дар бахши сайёҳии мамлакат далели ин гуфтаҳост.
Инчунин Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба 126 давлати ҷаҳон низоми ба таври сода (электронӣ) дастрас намудани раводид пешниҳод намуда, шаҳрвандони 52 давлати ҷаҳон шурӯъ аз соли равон бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз имкон доранд аз Тоҷикистон боздид намоянд. Ҳамзамон чанде қабл дар ҷумҳурӣ Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар муаррифӣ ва тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ нақши муҳим мегузорад.
Таъкид гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ташкили дурусти кор ҷиҳати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷону сайёҳон дар меҳмонхонаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба кишвар, таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нави парвози тайёраҳо ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад, зеро соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Гуфта шуд, ки ҳарчанд ду соли охир сайёҳии байналмилалӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон рӯ ба таназзул ниҳод, дар пасманзари вазъи ба амаломада сайёҳии дохилӣ соҳаро то андозае наҷот дод. Дар Тоҷикистон ҳамасола саноати сайёҳӣ рушд ёфта, бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар боз ҳам такмил меёбад. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат таъкид доштанд, танҳо аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад. Дар иртибот ба ин зикр шуд, ки алҳол дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ 237 ширкати сайёҳӣ, 182 меҳмонхона, 28 ҳостел ва мотел, 49 осоишгоҳ, 8 маркази мулоиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, 2 пансионат, 2 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият менамоянд. Интизор меравад, ки бо ба эътидол омадани вазъи эпидемологӣ дар ҷаҳон ва кушодани роҳҳои заминию ҳавоӣ гардиши сайёҳони байналмилалӣ зиёд шавад.
Тоҷикистон дорои манзараҳои кӯҳиест, ки дар он чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ қалби садҳо ҳазор сайёҳони хориҷиро тасхир менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо, масъулини соҳа ва ҳар нафаре, ки ин марзу бум барояш муқаддас аст, барои ободию пешрафт ва муаррифии шоистаи он, аз ҷумла тавассути меҳмондорӣ, хизматрасонии муносиб ва одобу муоширати сатҳи баланди тоҷикона дар ин амал бояд саҳм дошта бошем, таъкид намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Дар ҳамоиш роҳбарияти ДБССТ доир ба нақши ДБССТ дар омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, шароиту имконияти мавҷуда сухан намуданд. Зикр гардид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон мақоми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дода шуд. Дар он донишҷӯён метавонанд аз рӯи 14 ихтисос ва 20 тахассус таҳсил кунанд. Бо назардошти талабот ба мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ дар ДБССТ факултаи сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки таълим дар он тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи самтҳои омодасозии бакалавр ва магистр ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси PhD амал мекунад аз ҷумла, зинаи бакалавр: менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, фаъолияти меҳмонхонавӣ, иқтисодиёт ва истифодаи табиат, иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хоҷагиҳои меҳмондорӣ ва тарабхона, сервиси сайёҳӣ, фаъолияти экскурсионӣ, сайёҳии кӯҳӣ, технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умум, кишваршиносӣ ва сайёҳӣ, кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ), зинаи магистратура: менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ, докторантура аз рӯйи ихтисос (phd): туризм.
Раёсати Донишгоҳ сайъ менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати омода намудани мутахассисони баландихтисос дар бахши сайёҳӣ тамоми имконоту захираҳоро истифода намояд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба масъалаҳои мубрами соҳаи сайёҳӣ ва рушди соҳа бо истифода аз имконоти васеи мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун сарзамини сайёҳӣ табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.
Дар интиҳои ҳамоиш аз намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дар маҷмӯъ аз бахши сайёҳии ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки масъулияти баланд бобати пешниҳоди хизмати баланд ба меҳмонону сайёҳон, омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат бо назардошти шароиту имконоти мавҷуда саъю талош намоянд.
Иштирокдорони ҳамоиш аз факултаи сайёҳии ДБССТ боздид намуда, бо пойгоҳи моддию техникӣ, шароити таҳсил ва омода намудани мутахассисони бахши сайёҳӣ дар ин донишгоҳ шинос гардиданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»