Тоҷикистон ва Нидерланд дар қароргоҳи СММ бахшида ба Конфронси об-2023 брифинг баргузор намуданд

Апрель 13, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар қароргоҳи СММ намояндагиҳои Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (марти 2023, ш.Ню-Йорк) дар якҷоягӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ниҳоди СММ-захираҳои об дар бораи корҳои анҷомшуда ва нақшаҳои дарпешистодаи худ брифинг баргузор намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни брифинг ҳамраисони Конфронси СММ-2023 оид ба об Султон Раҳимзода ва Ҳенк Овинк дар бораи раванди омодагӣ ба Конфронси 2023, иқдомҳои минбаъда ва интизориҳо аз чорабинӣ ба ҳозирин маълумот доданд. Зикр гардид, ки об ҷузъи ташаккули тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон мебошад ва аз ин лиҳоз Конфронси 2023 ба андешидани тадбирҳои мушаххас барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба об равона шудааст.


Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин ба ҳайси Дабири кулли Конфронси СММ-2023 ва Раиси ниҳоди СММ-захираҳои об Гилберт Ҳунгбо низ доир ба раванди омодагӣ ба Конфронс ва интизориҳои хеш ибрози назар карданд.

Тоҷикистон ва Нидерланд ба ҳайси ҳамраисони конфронс дар якҷоягӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ниҳоди СММ-захираҳои об ҳамчун котиботи конфронс мақсад гузоштаанд, то Конфронси 2023 оид ба обро ба лаҳзаи ҳалкунандае, ки тамоми ҷаҳонро барои расидан ба ҳадафҳои марбут ба об муттаҳид мекунад, табдил диҳанд.

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон

Апрель 13, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд